Роналдо ва Нанӣ Португалияро ба бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 бароварданд
Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин дастае, ки ба бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо роҳхат гирифт, ин дастаи мунтахаби Португалия мебошад, ки шоми дирӯз дар баробари тими мунтахаби Уэлс ба майдон омад ва бо голҳои задаи Криштиано Роналдо(50) ва Нанӣ(53) бо ҳисоби 2:0 ба ғалаба комёб гардид.
Дастапрварони Фернанду Сантуш дар шашумин дидори бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 ба аввалин ғалабаи худ дар рафти бозӣ(то ин дам тими мунтахаби Португалия дар вақти иловагӣ ва силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ) ба ғалаба қодир шуданд. Муборизаи рӯ ба рӯи Криштиан Роналдо ва Гарет Бейл дар нимаи аввал ба ғайр аз ду зарбаи на он қадар назаррас дар хотири мухлисон боқӣ монданд, аммо дар нимаи дуввуми вохӯрӣ бартарии ситораи барзилиягиҳои аврупоӣ, -Криштиан Роналдо бараъло ба чашм расид ва ӯ на танҳо бо голи нӯҳумаш дар силсилаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо ҳисобро бо Мишел Платинии фаронсавӣ баробар кард, балки ба голи дуввуми дастааш дар иҷрои Нанӣ кӯмак расонд.
Тими мунтахаби Португалия дар таърихи худ маротибаи дуввум ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт(аввалинаш с. 2004) ва ин навбат имкон дорад, Ҷоми Аврупоро ба кишвараш барад. Бозии дуввуми нимниҳоӣ имрӯз бо ширкати мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016, дастаи мунтахаби Фаронса ва Олмон баргузор мешавад, Португалияро на ба ҳайси фаворит, балки дастаи иштирокдори бозии ниҳоӣ муаррифӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






