Сабаби хокбориш чист?
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз шаби гузашта инҷониб дар Тоҷикистон хокбориш «талотум» дорад, ки минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳуриро ғуборолуд намудааст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғубори чанголуд ба номи «боди афғонӣ» аз ҷониби Афғонистон ва Ӯзбекистон бошиддат вазида, бо сабаби ҳаракати зиддисиклони ғарбӣ аз Урал ҷумҳуриро фаро гирифтааст.
Агентии обуҳавошиносӣ тоҷикистониёнро, бахусус онҳое, ки мубталои бемориҳои дилу рагҳо ва дамкӯтоҳӣ ҳастанд, инчунин аз кӯдакон даъват менамояд, ки ба қадри имкон манзили худро тарк накунанд ва роҳҳои эҳтиёткориро риоя намоянд.
Соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ оид ба номусоид омадани ҳаво огоҳ карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои ғуборолуд то 15 июл идома меёбад. Ҳавои сард бошад, ду рӯз идома ёфта, аз 16 июл баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо, дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона гарм шуда, то ба 37 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ то 32 дараҷа гармӣ мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона 30-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 25-30 дараҷа ва дар шарқи он 14-19 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар пойтахт рӯзона 32-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Хотиррасон мекунем, ки «боди афғонӣ»-боди хушк ва гарми маҳаллӣ буда, дар Осиёи Марказӣ мевазад. Он дорои хусусияти ҷанубӣ-ғарбӣ буда, дар болооби Амударё мевазад. Вазидани он аз якчанд рӯз то ба чанд ҳафта идома меёбад. Дар аввали баҳор бо боришоти зиёд ҳамроҳ шуда, ниҳоят шадид аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






