Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа идома дорад
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ҳанӯз моҳҳои январ-феврал сар шуда бошад ҳам, то имрӯз идома дорад, иттилоъ доданд аз раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд.
Инчунин зикр гардид, ки 12-13 июли соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд субъектҳои хоҷагидори вилоят 120 нафар муҳоҷиронро ба Федератсияи Русия сафарбар намуданд.
Дар ин самт хусусан ҶДММ «Роҳи Абрешим» ва ҶДММ «Иттиҳодияи вокзалҳо» пешсаф буданд. Ҳамчунин филиали ҶДММ «Олами саёҳат» дар вилояти Суғд як гурӯҳи 10 нафараро сафарбар намуд.
Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбати намояндагони раёсат бо сафарбаршудагон маълум гардид, ки онҳо асосан шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург, Тюменро барои истиқомат ва фаъолияти меҳнатии мавсимӣ интихоб намудаанд.
Ҳангоми гусел кормандони раёсат ба муҳоҷирони меҳнатӣ маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд, зикр кард манбаъ.








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






