Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа идома дорад

Июль 15, 2016 14:09

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд ҳанӯз моҳҳои январ-феврал сар шуда бошад ҳам, то имрӯз идома дорад, иттилоъ доданд аз раёсати Хадамоти муҳоҷират  дар вилояти Суғд.
Инчунин зикр гардид, ки  12-13 июли соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд субъектҳои хоҷагидори вилоят 120 нафар муҳоҷиронро ба Федератсияи Русия сафарбар намуданд.
Дар ин самт хусусан ҶДММ «Роҳи Абрешим» ва ҶДММ «Иттиҳодияи вокзалҳо» пешсаф буданд. Ҳамчунин филиали ҶДММ «Олами саёҳат» дар вилояти Суғд як гурӯҳи 10 нафараро сафарбар намуд.
Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбати намояндагони раёсат бо сафарбаршудагон маълум гардид, ки онҳо асосан шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург, Тюменро барои истиқомат ва фаъолияти меҳнатии мавсимӣ интихоб намудаанд.
Ҳангоми гусел кормандони раёсат ба муҳоҷирони меҳнатӣ маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд, зикр кард манбаъ.

Июль 15, 2016 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа