Сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Индонезия

Июль 31, 2016 07:45

Душанбе, 31.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки ин боздиди сеюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия буда, маротибаи аввал дар соли 2003 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба бо сафари давлатӣ аз ин кишвар дидан кардааст. Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар моҳи октябри соли 2003 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминагузори рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар мебошанд.

Барномаи сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хосса бо роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодиро фаро мегирад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия маҷмуи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.

Июль 31, 2016 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд