Сармураббии нави «Истиқлол» таъин шуд
Душанбе, 13.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси сербиягӣ Никола Лазаревич, ки собиқан дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба ҳайси мураббии тарбияи ҷисмонӣ фаъолият кардааст, ба мансаби сармураббии ҷадиди КФ «Истиқлол» таъин гардид. Вай дар ин вазифа Мубин Эргашевро иваз намуд.
Тавре Рустам Ҳакимов сухангӯи «Истиқлол» тавзеҳ дод, бо тавсияи сармураббии нави даста роҳбарияти КФ «Истиқлол» собиқ сармураббии тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Нӯъмонҷон Юсуповро, ки ҳафтаи равон аз сармураббигии дастаи «Хуҷанд» озод шуд, ба ҳайси ёвари Никола Лазаревич интихоб кард.
То замоне, ки Никола Лазаревич ба Душанбе меояд, дастаро Нӯъмон Юсупов тамрин медиҳад.
Дар айни ҳол сармураббии тозаинтихоби «Истиқлол» барои ноил шудан ба иҷозатномаи дараҷаи «Pro» дар Академияи маҳорати мураббигии Иттиҳодияи футболи Русия маҳорат меомӯзад. Дар давраи таҳсил ӯ дар бошишгоҳҳои Аврупо, чун «Атлетико» (Мадрид), «Копенгаген» (Дания), «Зенит» (Санкт-Петербург) ва «Базел» (Швейтсария) таҷриба андӯхтааст.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






