Се нафар мусофирони мошини ба дарёи Варзоб фурӯрафта наҷот дода шуданд

Июль 26, 2016 16:35

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони се нафарро, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар дарёи Варзоб ғарқ шуда буданд, наҷот доданд.
Ҳодисаи мазкур дирӯз дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. Ронандаи мошини мутааллиқ ба корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Варзоб ҳангоми интиқоли партовҳо, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада,   бо се мусофир ба дарё фурӯ меравад.
Кормандони Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, се ғарқшударо зинда аз дарё берун бароварданд.
Дар айни замон корҳои аз дарё ба соҳил кашидани мошини боркаш идома доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки давоми шаш моҳи сипаришуда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 нафарро аз хатар наҷот доданд.

Июль 26, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад