Сехи хурд дар деҳаи Ёл фаъол гардид
Ш. Шоҳин, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар» /. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти дурдасти кишвар зери лоиҳаҳои гуногуни давлати корхонаҳои хурду бузург мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар деҳаи Ёли ҷамоати деҳоти ба номи «Нуриддин Маҳмудов»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи «Робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии сохтори молиявӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон» дар ҳамкории ҳокимияти маҳаллӣ бо барномаи Ҷонибдории Инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮСАИД /USAID/ як сехи хурди коркарди меваю сабзавот бо харҷи маблағи 46 ҳазор сомонӣ фаъол гардид.
Дар сехи мазкур 16 нафар занон бо ҷои кор таъмин гардиданд. Тавре Нигорбӣ Эркаева, сокини ноҳияи Ш. Шоҳин иттилоъ дод, деҳаи Ёл калонтарин деҳаи ҷамоати мазкур ба ҳисоб рафта, сокинони он ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Ҳамасола дар ин деҳа ва деҳоти гирду атроф даҳҳо тонна зардолую шафтолу ва себу нок ҷамъоварӣ мекунанд, вале як қисмати он талаф меёфт. То ин дам занони деҳа як қисми маҳсулотро дар хонаҳояшон консерва мекарданд ва бо фаъол гардидани сехи мазкур имкон доранд меваю сабзавоти истеҳсонамудаашонро дар сех коркард намоянд. Давоми ду рӯзи фаъолият дар сех занон тавонистанд 620 банка маҳсулоти гуногун истеҳсол намоянд ва дар оянда мехоҳанд корхонаро васеъ намуда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳанд. Сокинони деҳоти мазкур аз сабаби набудани роҳ низ дар содироти маҳсулот танқисӣ мекашиданд, ки ин масъала низ бо анҷоми сохтмони роҳи Кӯлоб- Кулма- Қароқурум ҳалли хешро пайдо хоҳад кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






