Шаҳрвандони Чин аз тарафи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон наҷот дода шуданд

Июль 18, 2016 10:43

Душанбе, 18.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, бештари наҷотёфтагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми саёҳат намудан дар обанбори «Баҳри Тоҷик», наздикии мавзеи базаи сайёҳӣ 14 нафар шаҳрвандон болои катери чӯбин, ки ба Осоишгоҳи «Баҳористон» тааллуқ  дошт, рӯ ба ғарқшавӣ  ниҳод. Ковок шудани тарҳи он ва  ворид шудани об ба даруни муҳаррики катер сабаби ғарқшавии он гардид.
Дар натиҷаи  чораҳои фаврии дастаи зудамали Ситод оид ба ҲФ вилояти Суғд, ки  ба ҷои ҳодиса фавран ҳозир шуданд, ҳамаи шаҳрвандон сиҳату саломат наҷот ёфтанд.

Июль 18, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад