«Шоҳсутуни бақои миллат», «Дар ҷустуҷуи хубони порсигӯ», «Аз сӯхтан то сохтан» — шарҳи матбуот

Июль 7, 2016 11:46

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» дар шумораи навбатӣ (02.07.2016 № 130)  матни Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъиноти кадрӣ дар баъзе  сохторҳои Ҳукумат нашр карда, аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати «Салини Импреҷило» Пиетро Салини, сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ С.Аслов ба Арманистон, ифтитоҳи пойгоҳи нави илмӣ-тадқиқотӣ дар ВМКБ, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пазируфта шудани сафири Тоҷикистон дар Тошканд ва дигар навигариҳои ҳаёти сиёсӣ, байналхалқӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хабару гузоришҳоро пешкаши хонандагон намудааст. Чун анъана дар ин шумораи нашрия саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» бо ҳикояву қиссаҳои хурди ҷолибу хотирнишини таърихӣ, панду ахлоқӣ ва маърифатӣ дарҷ гардидаанд.

Дар шумораи рӯзи сешанбе нашршудаи «Ҷумҳурият» (05.07.2016, № 131) матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр бо сарлавҳаи «Пешвои миллат: Барои мардум ва кишвари худ оромиву ободӣ мехоҳам» нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Зарур аст, ки ҳамватанони мо ва ҳар фарде, ки тақдири сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, дар навбати аввал, падару модарони арҷманд, аҳли зиё ва шахсони рӯзгордидаву соҳибтаҷриба дар шароити бисёр ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Ҳамватанони азизи мо хуб огоҳанд, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз номи дини ислом аъмоли даҳшатноки террористиву экстремистӣ ва содир намудани кирдорҳои фоҷиабори асримиёнагӣ вусъат гирифта истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ созем ва барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва эҳтирому риояи қонуният ташвиқ намоем». Марҳалаи аввал ва дуюми Мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ҷамъбаст гардид, — дар ин бора хабари муфассали хабарнигори «Ҷумҳурият» пешкаши хонандагон шуда, аз вохӯриҳои С.Аслов дар Арманистон, таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Австралия ва дигар ҳодисоти рӯз гузоришҳо чоп шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (№№ 85-86, 02.07.2016) гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» (аз 1 октябри соли 2015 то 30 июни соли 2016) чоп намуда, ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро роҳ ба фазои нави ҳуқуқӣ маънидод карда, иттилоъ додааст, ки дар давоми 9 моҳ вакилон ба 221 санад мақоми қонунӣ доданд. Дар шумораи навбатии «Садои мардум» (05.07.2016 № 87) оид ба Қарори раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (санаи 15.07.2016) ва масъалаҳои дар он баррасишаванда хабари расмӣ нашр шудааст.

«Народная газета» — нашрияи русзабони кишвар аз баргузор шудани ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар нашр карда,  мақолаи таҳлилии доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳ. Умаров ва номзади илмҳои сиёсӣ У.Сайдалиевро дар бораи бурд ва бохти Тоҷикистон дар сурати ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёӣ, ҳамчунин мақолаи тадқиқотии коршиноси масоили сиёсӣ Бахтиёр Раҳмоновро дар бораи нақши ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳким бахшидан ба амнияту суботи Тоҷикистон пешниҳоди хонандагон намудааст.

Дар саҳифаи назму насри «Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон шеърҳои шоир Акбари Абдулло ва ҳикояи нависанда Неъматулло Худойбахш «Тасодуф» чоп шудаанд. Ҳамчунин дар шумораи навбатии нашрия мақолаи Маҷид Салим «Дар ҷустуҷуи хубони порсигӯ», ёдномаи Т.Халилӣ «Аз сӯхтан то сохтан» (оид ба ҳаёт ва эҷодиёти рассоми шинохта Ашӯр Ҳайдаров, ки ба зодрӯзаш 100 пур шудааст) ва тақризи Толиби Луқмон ба маҷмӯаи шеърҳои «Он сӯи ёдҳо»-и Орзу Исо бо сарлавҳаи «Зи ҳарфи бетааммул худдорӣ мебояд» нашр шудаанд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳибаи Шариф Ҳамдампурро бо нахустини саринженер ва собиқ роҳбари сохтмони НБО «Роғун» Николай Савченков чоп карда, аз суханони ин коршиносро навиштааст, ки «Ташаббускори сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» роҳбарони Ӯзбекистон Шароф Рашидов ва Туркманистон Мухаммедназар Гапуров буданд».

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мақолаҳои «Шоҳсутуни бақои миллат», «Ширкат дар анҷуман ва мулоқот бо муҳоҷирон», «Ваҳдат ва хотираи таърихӣ», «Савдои одамон мушкили рӯз аст», «Бозичаҳои заҳролуд аз муомилот кай бардошта мешаванд?»-ро нашр карда, аз ҳаёти сиёсии ҲХДТ ва навигариҳои мамлакат хабарҳо чоп намудааст.

Июль 7, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд