СММ озмуни «Ман бо духтари худ фахр мекунам»-ро эълон менамояд

Июль 12, 2016 14:56

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии аҳолӣ  ва Рӯзи байналмилалии духтарон, ки 11 октябр баргузор мегардад, Намояндагии хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони он озмуни иншо ва аксҳои беҳтаринро таҳти унвони «Ман бо духтари худ фахр мекунам» эълон менамояд.
Тавре аз Намояндагии хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар саросари ҷаҳон духтарони наврас назар ба писарбачагон бештар бо мушкилоти гуногун рӯ ба  рӯ мешаванд. Меъёру талаботи иҷтимоӣ-ҷамъиятӣ водор менамоянд, ки духтарон аз сини хурдсолӣ барои бунёди оила ва давом додани насл омода бошанд. Ин омил бар зарари илмомӯзӣ, рушди касбиву коромӯзии духтарон мешавад.
Бо ин сабабҳо аксаран духтаран ва занони ҷавон бедастрасӣ ба таҳсилот ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ мемонанд, ки ин ҳолат ҳам барои онҳо, оилаҳои онҳо, хусусан барои фарзандонашон таъсири манфӣ мерасонад. Дар сурате, ки духтари наврас дорои шароит,  маблағ, маълумот, инчунин дастгирии падару модар ва оилааст,  ӯ метавонад иқтидори худро пурра амалӣ намояд ва ҳамчун  як қувваи пешбарандаи мусбӣ барои оила, ҷомеа ва кишвари худ хизмат намояд.
Мақсади озмун аз нишон додани мавқеи назарраси мусбии падарон дар дастгирии духтарони худ ҷиҳати амаликунии иқтидорашон баҳри ҳалли он мушкилоте, ки духтарони наврас дар ҳаёти ҳаррӯзаашон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, иборат аст.
Бояд гуфт, ки озмуни иншо ва аксҳои беҳтарин аз 15 июни соли равон оғоз ёфта, 11 октябри соли 2016 дар Рӯзи байналмилалии духтарон анҷом меёбад.

Июль 12, 2016 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад