Сокини шаҳри Хоруғ бо маводи мухаддир дастгир гардид

Июль 4, 2016 10:36

Хоруғ, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Хоруғ Анвар Имроншоев мутобиқи моддаи 200 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Анвар мулаққаб ба Буф (ғафс) дар пайи як амалиёти вижаи кормандони Раёсати  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони шаҳр дар манзилаш бо 60 бастаи коғазпечи маводи мухаддири навъи героин боздошт гардид. Дар хабарномаи ин ниҳоди амниятӣ гуфта мешавад, ки  Анвар дар муддати бештар аз 15 сол ба хариду фурӯши моддаҳои нашъадор машғул мебошад ва танҳо дар давоми 5 соли охир аз дасти ин нашъаҷаллоб 200 нафар заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.
Дар маҷмӯъ то моҳи апрели соли равон дар натиҷаи кирдорҳои нопоку нанговари ин гуна шахсон наздики 3 ҳазор нафар бар асари истеъмоли нашъа ҷони ҷавони худро аз даст додаанд.
Сокинони шаҳри Хоруғ амалиёти Раёсати КДАМ-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои аз байн бурдани чунин «лонаҳо»-и марговар бо ин ниҳодҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Июль 4, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!