Суғд: дуздон 2550 метр ноқилҳои навъи «АС-400 мм»-ро рабуданд
Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда шаби 15 ба 16 феврали соли 2016 бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров роҳбарияти «Шабакаҳои барқии Суғд»-и ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 24 июли соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди минтақаи ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б. Ғафуров, ба миқдори 2550 метр ноқилҳои навъи «АС-400 мм», ҷамъ ба маблағи 17 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 25 ва 37-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






