Суғд: соҳибкорони Хуҷанду Нижегородск ба ҳамкорӣ омодаанд

Июль 25, 2016 10:24

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии соҳибкорони ватанӣ бо соҳибкорони вилояти Нижегородски Федератсияи Русия доир гардид. Ба меҳмонон дар бораи вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, рушду такомули соҳаи саноати шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла саноати хӯроквориву бофандагӣ, рушди соҳаи туризму варзиш маълумот дода шуд.
Вазири саноат, савдо ва соҳибкории ин вилоят Евгений Люлин омодагиро барои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои саноати мошинасозӣ, тайёрасозӣ, киштисозӣ, саноати кимиёвӣ, радиоэлектроника, соҳаи металлургӣ ва туризм баён намуда,
соҳибкорони хуҷандиро ба ҳамкории судманд даъват намуд.
Соҳибкорони тоҷик, аз ҷумла муассиси ҶСК «Силкоат-боя» Дадохон Очилов, намояндаи ҶСК «Дӯсти Амирхон» Домуллоҷон Ҷабборов, директори ҶСК «Таҷпроф» Ҷамшед Ҷалолов, директори ҶСК «Сатн» Илҳом Бобоев, иҷрокунандаи вазифаи директори шуъбаи фурӯши ширкати «Группа ГАЗ» Евгений Носов, директори генералии ООО «НПО Гидравликаи саноатӣ» Юрий Шишулин, директори тиҷоратии ООО «Технологияҳои нави саноатӣ» Владимир Румянцев оид ба маҳсулоти истеҳсолшуда ва аз тасмими ҳамкорӣ ба ҳозирин иттилоъ доданд.

Июль 25, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад