Суғд: Теъдоди корхонаҳои нав ба 116 адад расонида мешавад
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-июни соли равон корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 131,5 фоизро ташкил кард.
Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-июни соли равон нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб мусоидат намуданд.
Дар ин давра дар вилояти Суғд 53 адад корхонаҳои нави саноатӣ бо 1785 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар назар аст, то охири соли равон теъдоди корхонаҳои нав ба 116 адад расонида шавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






