Суғд: То анҷоми соли равон теъдоди ҷойҳои корӣ ба 3 ҳазор расонда мешавад

Июль 16, 2016 12:54

Хуҷанд, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бино бар иттилои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, зимни баргузории нишасти хабарӣ дар шаш моҳи соли 2016 дар миқёси вилоят 53 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар умум боз 1785 ҷойи нави корӣ баҳри корҷӯён муҳайё гардид.
Коргоҳҳои нав асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсолӣ, масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва масолеҳи сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат хоҳанд намуданд.
Дар ин замина, баҳри боз ҳам фарогирии сокинони вилоят бо ҷойҳои доимии корӣ ва кам намудани сатҳи шумораи бекорон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ нақша дорад, то анҷоми соли равон шумораи корхонаҳои навро ба 116 адад ва ҷойҳои нави кориро ба беш аз 3000 расонад.
Дар умум, айни замон дар миқёси шимоли кишвар 624 коргоҳи саноатӣ фаъолият доранд, ки ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 2,8 млрд. сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 бо назардошти индекси нархҳо 131,5 %-ро нишон дод.
Вобаста ба нақшаи даромади буҷаи вилоятӣ А. Қодирӣ илова намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2016 он ба андозаи 104,7% таъмин гардид.

Июль 16, 2016 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад