Тағойзода ва Шкляр масъалаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро муҳокима карданд

Июль 21, 2016 11:24

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.    Масъалаҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар омӯзиш ва таҳияи сиёсат дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар  вохўрӣ бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус Шкляр Аркадий  Хононович муҳокима намуданд.
Бояд зикр намуд, ки донишкадаи мазкур дар миқёси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) донишкадаи заминавӣ  буда,  дар он мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбии давлатҳои ИДМ ба бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва бозомӯзии роҳбарони муассисаҳои низоми таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат, инчунин таҳия намудани нақшаи таълимӣ ва барномаҳо дар асоси талаботи бозори меҳнат, меъёрҳои касбӣ ва расонидани кумаки методӣ дар раванди таълиму тарбия  иброз намуданд.
Дар ин бора  аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 21, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе