Ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон бештар мешавад

Июль 13, 2016 16:32

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи якуми соли 2016 баҳри дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии танзимкунадаи фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, барои муаррифии имкониятҳои туристии кишвар ва ҷалби ҷомеа ба ин соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ як қатор чорабиниҳои хусусияти оммавӣ, илмӣ, таблиғотию ташвиқотӣ ва фарҳангиву сайёҳидоштаро дар сатҳи маҳал, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ташкил ва баргузор намуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  дар ин давра аз ҷониби Кумита ва сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар самти сайёҳӣ 314 адад чорабиниҳои маҳаллӣ, 100 адад ҷумҳуриявӣ ва 25 адад байналмилалиро доир намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра 2 конфронси миллӣ, 2 намоишгоҳи байналмиллалӣ, 156 суҳбату вохӯриҳо, 247 чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, 8 адад тренингу семинарҳои омӯзишӣ ва 24 барномаи телевизионӣ ташкил ва баргузор гардиданд.


Бо мақсади такмили ихтисоси мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи рушди сайёҳӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, бо фарогирии мутахассисони соҳа баргузор шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2016 ба кишвар 209 ҳазору 511 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз ин нишондод 163 ҳазору 988 нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мегарданд. Ин нишодод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 16 ҳазору 723 нафар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 163 ҳазору 988 сайёҳи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат 81 миллиону 994 ҳазор доллари амрикоӣ ба хоҷагии халқи мамлакат ворид гаштааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 361 ҳазору 500 доллар зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сода кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат ва бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ барои будубоши бофароғат дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тибқи пурсишҳо дар минтақаҳои туристӣ ба кишвар гурӯҳҳои нави сайёҳон ворид гардида истодаанд.
Ҳамзамон, иштирок дар намоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалии сайёҳӣ ва муаррифии фаъолонаи маҳсулоти туристии мамлакат дар бозорҳои байналмилалӣ, ба тамоюли ҷалби туристони хориҷӣ ва шиносоии бештар бо иқтидори сайёҳии мамлакат таъсири мусбӣ расонида истодааст.

Июль 13, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд