Театри Данғара 38 намоишномаро рӯи саҳна овардааст
Душанбе. 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ — драмавии ноҳияи Данғара дар нимсолаи аввали соли равон мавриди баррасии ҳайати эҷодӣ қарор гирифта, натиҷаи он самарабахш арзёбӣ гардид.
Ҳунармандони театр дар ин давра дар маҷмӯъ 38 намоишномаро аз рӯи асарҳои С. Айюбӣ «Лаҳади Абдулаҳад», Ш.Солеҳ «Шулук ва беваҳои террорист», Ҷ.Қуддус «Лаҳзае бо Аллома», А.Файзиев «Саргузашти се бӯзича» дар таҳияи А.Қодирӣ ва ғайраҳоро манзури зиёда аз 6 000 тамошобин намудааст.
Ҳамзамон, нахустнамоиши мазҳакаи «Кампир ёбам дадаҷон?»-и Х.Хурсандов дар таҳияи Р.Одинаев баргузор гардида, асари «Зиндамаргон»и М.Ғойиб дар таҳияи М.Миров ба саҳна гузошта шудааст. Ҳайати эҷодии театр дар ин давра ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фархору Рӯдакӣ сафари ҳунарӣ намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






