Тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ғалабаро аз даст дод

Июль 13, 2016 08:46

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар Варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт вохӯрии дӯстонаи  тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва тими мунтахаби то 21-солаи Қирғизистон (тими олимпӣ) баргузор гардид.
Бозӣ хеле ҷолиб сурат гирифт. Дар дақиқаи 12 ҳамлагари тими мунтахаби кишварамон Амирҷон Сафаров ҳисобро боз карда, футболбозони моро ба сафи пеш баровард. Пас аз  шаш дақиқа довари вохӯрӣ Беҳрӯз Муртазоев барои дағал бозӣ кардани муҳофизатгари тими мунтахаби мо дар майдончаи назди дарвоза ҳукми  ҷазои 11 метраро баровард ва онро капитани қирғизҳо Султанбек Мамунов ба самар расонд. Дақиқаи 38 бозӣ барои Худойдод Узоқов бобарор омад ва ӯ хатои дарвозабони меҳмонон Кутман Қодирбековро истифода бурда, аз нав тими моро ба сафи пеш баровард. Нимаи аввал бо ҳисоби 2:1 ба охир расид.
Дар нимаи дуввум баъди иваз шудани  се бозингар дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон бозии онҳо тағйир ёфт ва  хатои бозингарони моро истифода бурда, Виктор Кёлм натиҷаи баробариро дар вохӯрӣ гузошт.
Дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» сармураббии тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон Виталий Левченко гуфт: «Бозӣ барои мухлисон писанд омад, аммо афсӯс мехӯрам, ки ду хатогии моро меҳмонон истифода бурда, ба дарвозаи мо ду тӯб заданд. Баъди ин вохӯрӣ мо ҳунарнамоии бозингаронро таҳлилу баррасӣ мекунем, то дар оянда чунин хатогиҳо содир нашаванд».
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон (U-19) 6 -9 август дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup U-19», ки дар шаҳри Тошканд мегузарад, ширкат менамояд.

Июль 13, 2016 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд