Тими мунтахаби миллии футболи мамлакат дар радабандии нави ҷаҳонӣ 19 зина боло рафт

Июль 15, 2016 10:51

Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футболи  Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA аз зинаи 164 ба 145 баромад. Ин болоравӣ аз натиҷаи бозиҳои расмие, ки дастпарварони сармураббии тозаинтихоби тими миллии  кишварамон Ҳаким Фузайлов дар баробари тими мунтахаби Бангладеш 2 июн (5:0) дар шаҳри Душанбе ва 7 июн (1:0) дар Дакка дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 ба даст оварданд, натиҷагирӣ мешавад. Баъди пирӯзиҳо 70 имтиёз ба тими миллиии  Тоҷикистон ихтисос дода шуд ва он ҳоло бо 220 хол дар зинаи 145 қарор дорад.
Дар миёни дастаҳои Осиё Тоҷикистон дар мақоми 23 ҷойгир шудааст. Пешсафон Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон мебошанд, ки дар се зинаи аввал мавқеъ доранд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаи худро бо тими мунтахаби Фаластин 6 сентябр дар Хиврон баргузор мекунад. Фаластиниҳо дар феҳристи нав дар мақоми 114 қарор доранд.

Тартиби ҷойгиршавии дастаҳои мунтахаби ҷаҳон дар садри радабандии нави ҷаҳон чунин аст:

1. Аргентина  —     1585 0
2. Белгия      —      1401 0
3.  Колумбия   —     1331 0
4.  Олмон       —      1319 0
5. Чилӣ         —        1316 0
6. Португалия    —    1266 2

 

 

Июль 15, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд