«Тоҷик Эйр» зимни беш аз 600 парвоз қариб ба 150 ҳазор мусофир хизмат расонидааст

Июль 25, 2016 16:51

Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар ин давра беш аз 640 парвози мунтазами  рафтуомадро анҷом дода, наздики 150 ҳазор мусофирро интиқол додааст». Ин матлаб имрӯз зимни  нишасти хабарӣ  дар ҶСК «Тоҷик Эйр» зикр гардид.
Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК  «Тоҷик Эйр», ки дар назди хабарнигорон доир  ба фаъолияти ширкати ҳавонавардии миллии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» гузориш дод,  зикр кард, ки дар ин давра аз хизматрасониҳои ширкат  дар хатсайрҳои байналмилалӣ беш аз 136 ҳазор  мусофир истифода бурда, ин омор дар хатсайрҳои дохилӣ марзи 11 ҳазор нафарро убур менамояд.
Роҳбари  «Тоҷик Эйр» иброз намуд,  ки  ширкат парвозҳои  байналмилалиро  тавассути 2 адад  ҳавопаймои «Боинг 757-200» ва «Боинг 737-300» иҷро намуда, тавонист дар  ин давра  ба афзоиши ғунҷоиши тиҷоратӣ мушарраф гардад.
Дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ғунҷоиши тиҷоратӣ  25 % ва бандкунии курсиҳо  зиёда аз 4% боло рафта, самаранокии истифодабарии ҳавопаймоҳо афзудааст. Миқдори миёнаи  соати парвоз барои як ҳавопаймо дар ширкати «Тоҷик Эйр» беш аз 750 соатро ташкил дод, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли  гузашта  480 соат буд.

Июль 25, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид