Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ҳамкориро дар самти ҷилавгирӣ аз қочоқи мол густариш медиҳанд

Июль 18, 2016 10:39

Душанбе 18.07.2016 /Душанбе, АМИТ «Ховар»/.   Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон  ҳамкориро дар самти ҷилавгирӣ аз воридоти маҳсулоти  қоҷоқӣ тақвият мебахшанд. Дар ин росто дар шаҳри Гулистон воқеъ дар шимоли Тоҷикистон мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб, Русия-  Андрей Белянинов ва Қирғизистон  Азамат Сулаймонов доир гардид.
Роҳбарони мақомоти гумруки се кишвар ҳамзамон масоили марбут ба ташкили назорати муштарак дар маҳалҳои сарҳадӣ, ки мол ва воситаҳои нақлиёт бештар бо роҳҳои ғайриқонунӣ интиқол дода мешаванд,  фаъол намудани кор дар самти табодули иттилоот байни воҳидҳои минтақавии хадамоти гумрук дар мубориза бар зидди қочоқи молро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон ба масъалаҳои  ба таври муштарак гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-машваратӣ оид ба пешгирии интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт тақвияти  ҳамкорӣ дар бахши тафтишоти парвандаҳои ҷиноӣ, баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дахл карда шуд.

Июль 18, 2016 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад