Тоҳир Муъминов сармураббии нави бошгоҳи ССКА «Помир» интихоб шуд
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақоми сармураббии дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бе роҳбар дер давом накард. Дар ин мақом Раҳматулло Фузайловро, ки дирӯз аз вазифааш барканор шуд, Тоҳир Муъминов, мураббии кордону таҷрибадор ва яке аз ҳамлагари беҳтарини дастаи мунтахаби кишвар иваз намуд. Охирин бошгоҳе, ки Муъминов то ин дам фаъолият дошт, дастаи «Равшан»-и Кӯлоб буд. Ин масъулиятро ӯ дар нимаи соли 2015 бар дӯш гирифта, ҳамон сол дар сабқатҳои қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол нишонҳои биринҷиро ба даст овард.
Дар оғози мавсими нави футбол дар кишвар Муъминов аз мақоми сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб канор рафт. Тоҳир Муъминов 45-сол дошта, таҷрибаи хубу кофии ҳамкорӣ бо бошгоҳҳои «Фаррух»-и Ҳисор, «Энергетик»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Хайр»-и Ваҳдат ва дастаи мунтахаби ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистонро доро мебошад. Ӯ ҳамзамон ба бозинагарони дастаи «Симурғ Алборз»-и Афғонистон низ маҳорату малакаи футболбозӣ омӯхтааст. Тоҳир Муъминов дар мақоми сармураббии дастаи ССКА «Помир» аз рӯзи 24 июл оғоз мекунад ва худи ҳамин рӯз бо дастаи «Регар Тадаз»-и Турсунзода дар доираи рақобатҳои марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон майдондорӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки Раҳматулло Фузайлов бо иллати ҳунарнамоии ғайриқаноатбахши дастаи ССКА «Помир» аз ин мақом барканор гардидааст. Ҳадафи назди ситоди мураббиёни бошгоҳ гузошташуда ин касби мақоми сеюм дар қисмати аввали чемпионати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, аммо ин зинаро дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба даст овард. Тими ССКА «Помир» бошад, дар зинаи шашуми ҷадвал қарор гирифт.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






