Туҳфаҳои хайриявии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба «Хонаи кӯдакон»
Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди фитр Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт ба муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон»-и № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе туҳфаҳои хайриявӣ тақдим намояд.
Аз ин рӯ субҳи дирӯз гуруҳи кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарварии Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода ба муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон»-и № 1 рафта, туҳфаҳои хайрияивро ба тарбиятгирандагон супориданд.
Сайфиддин Назарзода зимни суханронӣ некиву накӯкорӣ ва хайру эҳсонро як бахши имон хонд ва иброз дошт, ки дастгирии дармондагон, кӯмак ба ятимону бепарасторон беҳтарин фазилатест, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






