Туркманистон — Тоҷикистон 2:3
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футболи наврасони то 14 -солаи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар Мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Хуашан-2016», дар Ҷумҳурии Халқии Чин ширкат дорад, дар бозии дуввуми худ тими мунтахаби Туркманистонро бо натиҷаи 3:2 шикаст дод.
Дар ин ғалаба голҳои Шервонӣ Муҳаббатшоев, Ваҳдат Ханонов ва Ҳувайдо Малиев ба дастаи мунтахаби наврасони мо ғалаба оварданд.
Дар вохӯрии дигари рӯз тими мунтахаби Чин, мизбони ин бозиҳо аз тими Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид. Ба ҳамин тартиб, новобаста ба бозии даври охирин, ки имрӯз барпо мешавад, футболбозони навраси мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки соли равон дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё (U-16) ширкат хоҳад намуд, соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Имрӯз наврасони Тоҷикистон бо Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бо Туркманистон вориди майдон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дар шаҳри Вайнани Чин боо иштироки 4 дастаи мунтахаби наврасони Осиё идома дорад.
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | Кореяи ҷанубӣ | 2 | 2 | 0 | 0 | 4-1 | 6 |
| 2 | Чин | 2 | 1 | 0 | 1 | 4-2 | 3 |
| 3 | Тоҷикистон | 2 | 1 | 0 | 1 | 4-5 | 3 |
| 4 | Туркманистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 3-7 | 0 |








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






