Ҳукуқҳои худро меомӯзем
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳукуқҳои худро меомӯзем»-таҳти ин мавзӯъ дар Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семинар доир гардид.
Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, иттилоъ доданд, дар чорабинӣ беш аз 100 нафар занони хонанишин иштирок намуданд.
Бояд зикр кард, ки дар семинари мазкур оид ба масъалаҳои мубрами оиладорӣ-тақсими молу мулк, уҳдадориҳои зану шавҳар дар бунёди оила, тартиби ситонидани алимент ҳангоми ҷудо шудан аз ҳамсар, маскун кардани занони кӯдакдор ва никоҳи барвақтӣ ба иштирокчиён маълумотҳои ҳуқуқӣ дода шуд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






