Воридоти ғайриқонунии масолеҳи сохтмонӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ин вилоят 11 июл тахминан соати 12-30 дар бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров санҷиш гузарониданд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳангоми санҷиш дар мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонии ба номи «Руслан 1111» 19 баста тунукаи тамғаи «Черепица»-и истеҳсоли Федератсияи Русия, ки дар ҳар баста 70 адад, ҷамъ 1 ҳазору 330 адад, ки дарозиаш 6 метр ва паҳноияш 1,10 метр буда, дар маҷмӯъ 9072 метри квадратиро ташкил медиҳад, дарёфт карда шуд.
Ин миқдор мол ба шаҳрванд М.Р., соли таваллудаш 05.06.1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров, тааллуқ дошта, номбурда онро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Мувофиқи хулосаи филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши умумии ин миқдор молҳо 217 ҳазору 728 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд М. Р. бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шуд.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






