Зарари заминҷунбӣ ва кумакҳо ба зарардидагони ноҳияи Рашт

Июль 5, 2016 09:10

Рашт, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якуми июли соли равон дар ноҳияи  Рашт тақрибан соати 20:00 вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ бо қувваи 5 балл ба амал омад, ки дар натиҷа деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалони ноҳия зарар дида буд. Тибқи иттилои корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов дар ҷамоатҳои мазкур 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва 30 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст. Айни замон сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст ва соҳибкорону сокинони ноҳия дар арафаи Иди саиди Фитр кумакҳои моддӣ расонида истодаанд. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси ноҳия аз ҳисоби кормандони ҳукумати ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситоди зудамалкунанда ташкил шудааст, ки ба кумакрасонии зарардидагон машғуланд. Ба зарардидаҳои ин офати табиӣ кумакҳои яквақта аз ҳисоби корхонаю ташкилоту муассисаҳои ноҳия расонида шуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Иди саиди Фитр ва хурсандии кӯдакони онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

Июль 5, 2016 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе