Зарари заминҷунбӣ ва кумакҳо ба зарардидагони ноҳияи Рашт
Рашт, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якуми июли соли равон дар ноҳияи Рашт тақрибан соати 20:00 вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ бо қувваи 5 балл ба амал омад, ки дар натиҷа деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалони ноҳия зарар дида буд. Тибқи иттилои корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Нуъмоншо Исматов дар ҷамоатҳои мазкур 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва 30 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст. Айни замон сокинони зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудааст ва соҳибкорону сокинони ноҳия дар арафаи Иди саиди Фитр кумакҳои моддӣ расонида истодаанд. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси ноҳия аз ҳисоби кормандони ҳукумати ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ситоди зудамалкунанда ташкил шудааст, ки ба кумакрасонии зарардидагон машғуланд. Ба зарардидаҳои ин офати табиӣ кумакҳои яквақта аз ҳисоби корхонаю ташкилоту муассисаҳои ноҳия расонида шуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Иди саиди Фитр ва хурсандии кӯдакони онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






