Ӯзбекистон аввалин рақиби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2016

Июль 12, 2016 17:17

Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро дар Чемпионати футболи Осиё-2016 миёни бозингарони синашон то 19-сола, ки аз 13 то 30 октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор мешавад, бо дастаи Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
Ин бозии даври аввали гурӯҳи «D» 15 октябр дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» барпо мегардад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 16 октябр муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бозӣ мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн доир хоҳад шуд. Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад. Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чорякфинал бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон рақобат мекунад. Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн барои чаҳор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар Чемпионати Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.

Июль 12, 2016 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид