126 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ба ҳаҷ мераванд

Август 19, 2016 11:40

Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафари гурӯҳи зойирини шаҳри Хуҷанд тавассути тайёра 21 августи соли равон ба давлати Арабистони Саудӣ пешбинӣ гаштааст.
Имсол 126 нафар сокинони маркази вилоят тибқи қарори комиссияи дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд озими давлати Арабистони Саудӣ хоҳанд шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода зимни  мулоқот бо зойирини имсола таъкид намуд, ки маҳз дар рӯзҳои таҷлили 25- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ афтодани иҷрои фарзҳои ҳаҷ басо рамзӣ буда, аз онҳо даъват намуд, ки минбаъд барои тарғиби дастовардҳои кишвар, эҳтироми арзишҳои миллӣ, шукргузорӣ  аз имкониятҳои ин даврони осоишта фаъол бошанд.
«Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатии кишварамон ва фароҳам омадани шароити мусоиду сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳазорон нафар мардуми кишварамон ба баргузории фаризаи ҳаҷ- зиёрати хонаи Худо дар Маккаи Мукаррама шарафёб мегарданд. Ин боиси шукргузорӣ ва ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад. Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид»,-афзуд раиси шаҳри Хуҷанд.
Сархатиби масҷиди ҷомеи ба номи Шайх Маслаҳатдин Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозада низ ба ҳозирон бобати иҷрои ҳатмии фарзҳои ҳаҷ тибқи мазҳаби ҳанафӣ ва эҳтироми суннатҳои миллӣ таъкид намуд.

Август 19, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад