20 август марафони велосипедронӣ баргузор мешавад
Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди оммавияти варзиш 20 августи соли 2016 (соати 07:00) дар шаҳри Хуҷанд Марафони саломатии велосипедронӣ бо иштироки оммаи васеи мардум баргузор карда мешавад.
Мусобиқаи варзишӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ба воситаи кӯчаи Сирдарё то майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тамоми хоҳишмандон — велосипедронҳо метавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






