5 000 нафар ба истиқболи Дилшод Назаров мебароянд
Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 000 нафар дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шоми 26 август ба истиқболи Дилшод Назаров, ғолиби Бозиҳои ХХХI -тобистонаи олимпии Рио- де Жанейро -2016 мебароянд.
Ҳамзамон дар «Амфитеатри пойтахт» бо ҳузури 2000 нафар ба ифтихори соҳиби медали тиллои Бозиҳои ХХХI-и тобистонаи олимпӣ гардидани Дилшод Назаров барномаи идонаи фарҳангӣ доир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки шоми 19 август гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 м. соҳиби медали тиллои мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои ХХХI и тобистонаи олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид, ки ин дастоварди гурзандози Тоҷикистон ифтихори миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониён аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






