А. Абдуллоев: «Ба директорони мактаб маблағ дода, хонандагонро маҷбурӣ ба суғурта фаро гирифтан беасос аст»
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар мавриди ҳамкорӣ бо директорони мактабҳои ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «Тоҷиксуғурта» ягон ҳамкории тиҷоратиро бо директорони мактабҳо ба роҳ намондааст.
«Мо ба ягон нафар супориш надодаем, ки бо директорони мактабҳо ба тиҷорат машғул шаванд. Мо танҳо нозирони худро ба мактабҳо равон намуда, аз директорон хоҳиш менамоем, ки барои фаро гирифтани суғуртавӣ ба мо мусоидат намоянд. Роҳбарони мактабҳо ҳамчун фаъолони (активҳои) суғуртавӣ мусоидат менамоянд, ки намояндаи КВД «Тоҷиксуғурта» дар ягон маҷлиси онҳо иштирок карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва моҳияти суғуртаро ба мактаббачагон расонад»,- гуфт Абдулло Абдуллоев.
Абдулло Абдуллоев ҳамчунин илова намуд: «Нафаре, ки қонуншиканӣ мекунад, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ба тиҷорат машғул шудану ба директорони мактаб маблағ дода, хонандагонро маҷбурӣ ба суғурта фаро гирифтан беасос аст».








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






