А. Абдуллоев: «Ба директорони мактаб маблағ дода, хонандагонро маҷбурӣ ба суғурта фаро гирифтан беасос аст»

Август 6, 2016 09:08

Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Дирӯз зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар мавриди ҳамкорӣ бо директорони мактабҳои ҷумҳурӣ  иброз дошт, ки  «Тоҷиксуғурта»  ягон ҳамкории тиҷоратиро бо директорони мактабҳо ба роҳ намондааст.
«Мо ба ягон нафар супориш надодаем, ки бо директорони мактабҳо ба тиҷорат машғул шаванд. Мо танҳо нозирони худро ба мактабҳо равон намуда, аз директорон хоҳиш менамоем, ки барои фаро гирифтани суғуртавӣ ба мо мусоидат намоянд. Роҳбарони мактабҳо ҳамчун фаъолони (активҳои) суғуртавӣ мусоидат менамоянд, ки намояндаи КВД «Тоҷиксуғурта» дар ягон маҷлиси онҳо иштирок карда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва  моҳияти суғуртаро ба мактаббачагон расонад»,- гуфт Абдулло Абдуллоев.
Абдулло Абдуллоев ҳамчунин илова намуд: «Нафаре, ки қонуншиканӣ мекунад, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ба тиҷорат машғул шудану ба директорони мактаб маблағ дода, хонандагонро маҷбурӣ ба суғурта фаро гирифтан  беасос аст».

Август 6, 2016 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад