Аҳтам Абдуллозода: Танҳо мутахассисони баландихтисос метавонанд содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд
Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 августи соли ҷорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо магистроне, ки дар риштаи идоракунии давлатӣ таҳсил дорад, доир гардид.
Аҳтам Абдуллозода ҷавононро ба дарёфти хониши хубу аъло даъват намуда, зикр кард, ки онҳо фардо масъулияти бузургеро бар дӯш дошта, танҳо дар сурати мутахассиси баладихтисос гардиданашон метавонанд содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.
«Барои ҳар яки мо заҳматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи шукуфоӣ, пешрафт, сулҳу субот ва тараққиёти Тоҷикистон намунаи олии ибрат аст ва мо бояд аз тамоми имкониятҳои фароҳамовардашуда самаранок истифода бурда, неруи худро баҳри созандагию ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ равона созем», — таъкид намуд Аҳтам Абдуллозода.
Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар гардида, ба суолҳои ҷавонон дар ин мавзӯъ посухҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






