Агентии обуҳавошиносӣ: «Рӯзҳои наздик ҳавои бебориш дар назар аст»
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, 2-3 август дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон шабона 22-27, рӯзона 36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар вилояти Суғд низ ҳавои тағийрёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 21-26, рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарб шабона 11-16, рӯзона 28-33; дар шарқ шабона 3-8 рӯзона 16-21 дараҷа хоҳад расид.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 15-20, рӯзона 38- 40 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат шабона 16-20 дараҷа ва рӯзона то 34-39 дараҷа мерасад.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






