Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил дар Душанбе

Август 17, 2016 09:18

Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷаласаи  навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бемории сил бо ташаббуси  Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 17 август дар Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Шӯрои мазкур натиҷаи таҳлили мониторинг ва баҳодиҳӣ оид ба бемории сил дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи амалинамоии нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар давоми соли 2016-ро баррасӣ менамояд. Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисони силшинос аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин ҷаласа ширкат доранд.
Бояд зикр  намуд, ки ин ҷаласа бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил баргузор мегардад. Мақсади Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо буҷаи 13,2 миллион доллари амрикоӣ, ки барои панҷ сол ба нақша гирифта шудааст, коҳиши сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кумаки тиббии ба бемор равонашуда, ҳамчунин тақвияти таҳлилгоҳу дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Август 17, 2016 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад