Ҳамаи ҳоҷиёни вилояти Суғд ба Маккаи мукаррама расиданд
Душанбе, 30.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29-уми август охирин гурӯҳи ҳоҷиён аз вилояти Суғд ба Маккаи мукаррама расиданд. Ин гурӯҳи зоиронро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимов ва масъулони шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гусел намуданд. Бояд гуфт, ки аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз вилояти Суғд 21-уми август аз тариқи ширкати ватании «Тоҷик-эйр» ба Мадинаи мунаввара сафар намуда буданд. Ҳоло ҳамаи ҳоҷиёне, ки дар Мадина қарор доштанд, ба Маккаи мукаррама сафарбар шудаанд ва онҳо барои адои маносики ҳаҷ омодагӣ мегиранд.
Сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ то 5-уми сентябр идома хоҳад кард. Фардо, 31-уми август ширкати арабии «Флай-нас» нахустин парвози худро аз Душанбе ба самти Ҷидда анҷом хоҳад дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






