Амалиёти «Бачаҳо» сатҳи садаманокиро коҳиш медиҳад

Август 31, 2016 09:37

Душанбе, 31.08.2016. /АМИТ«Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 август то 10 сентябри соли 2016 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти мақсадноки «Бачаҳо»-ро мегузаронад. Ҳадафи амалиёт аз баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо иборат мебошад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, амалиёт ба пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо нигаронида шудааст.
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пиёдагардон, падару модарон, омӯзгорон ва ронандагон хоҳиш дорад, ки ба кӯдакону наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҳамчунин онҳоро дар кӯчаву роҳҳои мошингард беназорат нагузоранд ва ба онҳо талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.

Август 31, 2016 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад