Амалиёти «Тартибот» дар ВМКБ ҳолатҳои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳро ошкор кард

Август 8, 2016 11:30

Хоруғ, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни анҷоми амалиёти «Тартибот» садҳо мошинҳои сиёҳшиша, пардапӯш, бе рақами давлатию бо рақамҳои давлатҳои хориҷиро боздошт ва ронандагонашонро ба муҷозот кашиданд.
Ба гуфтаи роҳбари Маркази матбуотии ин раёсат Далер Чоршанбиев,  аксарияти вайронкунандагони қоидаи ҳаракати роҳ ҷавонони аз 20 то 30 сола мебошанд, ки иддае аз онҳо ҳатто шаҳодатномаи ронандагӣ дар даст надоштанд ва бархе дар ҳолати мастӣ сари чамбари мошин нишаста буданд. Маҳз бо гуноҳи ҳамин гуна афрод дар ним соли охир дар роҳҳои мошинагарди вилоят бар асари садамаи автомобилӣ  7 нафар  ба ҳалокат расида,  ду нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд.
Яке аз ҳадафҳои аслии ин амалиёти вижа тавассути маслиҳат, ташвиқу тарғиб аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ  пешгирӣ ва кам намудани ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард мебошад.
Роҳбари Маркази матбуотии РВКД зикр намуд,ки дар доираи ин амалиёт гурӯҳе аз кормандони БДА ба лагерҳои тобистона рафта, ба кӯдакону наврасон оид ба риояи қоидаи ҳаракат дар роҳҳои мошингард маълумот ироа намуданд.

Август 8, 2016 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад