Ҷамъиятҳои «Мадина ва ҳамкорон», « Рушди занон» ва «Кишоварзон» муттаҳид шуданд
Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 9 августи соли ҷорӣ ба дархости ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон», ҶСП ТҚХ «Рушди занон» ва ҶСП ТҚХ «Кишоварзон» барои муттаҳидшавии онҳо розигӣ дод.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ «Рушди занон» ва ҶСП ТҚХ «Кишоварзон», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуда буд, бозхонд гашта, қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2015 дар бораи ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон» аз эътибор соқит дониста шуд.
ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон» уҳдадор гардид, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ҳамчунин бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ» фаъолияти ташкилоти қарзии ҶДММ ТҚХ «Даҳана» қатъ карда шуд. Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ «Даҳана» Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис ёфта, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши ин комиссия вогузор шуд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






