Ҷамъиятҳои «Мадина ва ҳамкорон», « Рушди занон» ва «Кишоварзон» муттаҳид шуданд

Август 11, 2016 11:12

Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 9 августи соли ҷорӣ ба дархости ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон», ҶСП ТҚХ «Рушди занон» ва ҶСП ТҚХ «Кишоварзон» барои муттаҳидшавии онҳо розигӣ дод.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ «Рушди занон» ва ҶСП ТҚХ «Кишоварзон», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шуда буд, бозхонд гашта, қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2015 дар бораи ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон» аз эътибор соқит дониста шуд.
ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон» уҳдадор гардид, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ҳамчунин бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ» фаъолияти ташкилоти қарзии ҶДММ ТҚХ «Даҳана»  қатъ карда шуд. Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ «Даҳана» Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис ёфта, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши ин комиссия вогузор шуд.

Август 11, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад