Ҳамкорӣ бо Санкт — Петербург дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ тақвият меёбад

Август 3, 2016 11:11

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкорӣ бо корфармои Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия Олга Козлова мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград мубодилаи афкор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои  ташкили Марказҳои равонкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ барои кор дар корхонаҳои Санкт- Петербург, тартиби иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Созишнома доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва савдо, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ дар самти меҳнат, муҳоҷирати аҳолӣ ва ғайраҳо муҳокима гардиданд.

Август 3, 2016 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст