Ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов дар Нуробод аз беҳтаринҳо дониста шуд
Нуробод, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияи беҳтарин, ҷамоат, маҳалла, оила ва хонаи намунавӣ ҷараён дошта, имрӯзҳо даври шаҳру ноҳиявии озмун натиҷабардорӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод шуданд.
Дар ноҳияи Нуробод аз байни 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия, ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҷамоат дорои 1061 хоҷагӣ ва 8035 нафар аҳолӣ мебошад, ки аз ин шумора 250 нафар соҳиби маълумоти олӣ, 200 нафар дорои бо маълумоти миёнаи махсус буда, 150 нафар дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил менамоянд.
Даромади асосии сокинони ҷамоат аз соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Мардуми ҷамоати мазкур ба мушкилии зиндагӣ нигоҳ накарда, насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, бо роҳбарии раиси ҷамоат Ҳабибулло Ғазоев дар ҳудуди ҷамоат 12 иншоот бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта истодаанд, ки маблағи умумии он аз ҳисоби саҳми маҳал ва соҳибкорони ҷамоат зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарвозаи ҷамоат дар назди шоҳроҳ, пули мошингузари дарозиаш 110 метр ва иқтидораш 10 тонна, ки 4000 ҳазор аҳолии ҷамоатро аз дарёи Вахш ба шоҳроҳ пайваст мекунад, бо маблағи 1 миллион сомонӣ, 2 адад бунгоҳи тиббӣ бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ, 14 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои таълимии ҷамоат бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ, китобхона дар деҳаи Роғун бо дастгирии соҳибкор Қадам Пудинаев, маркази ҷавонон дар деҳаи Кумбак бо маблағгузории сокинон ва соҳибкорони ҷамоат бо тантана ба истифода дода мешаванд.
Ба андешаи масъулини ҳукумати ноҳияи Нуробод, сокинони ҷамоати мазкур созандагӣ ва ободкориро пеша намуда, ҳамеша аз пайи дарёфти ризқи ҳалол мебошанд ва дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии ноҳия фаъолона иштирок намуда, соҳиби ифтихорномаҳо гардидаанд. Инчунин падарону модарон ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Аз ин хотирҷамоати деҳоти мазкур ба шартҳои озмун пурра ҷавобгӯ буда, дар сатҳи ноҳия ҷамоати беҳтарин дониста шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






