Ҳамосаи «Манас» дар Бишкек ба тоҷикӣ мунташир гардид

Август 29, 2016 17:39

Душанбе, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар чопхонаи  «Олтин тамға» -и шаҳри Бишкек  бузургтарин ҳамосаи даҳонии халқи қирғиз ба забони тоҷикӣ  чоп шуд. Ин ҳамоса аз Манас ном баҳодуре ҳикоят мекунад, ки ҳамватанони аз зулму ғоратгарии  ғосибони аҷнабӣ парокандаашро бо корнамоиҳо ва ғолибияти худ муттафиқ мегардонад.
Ба иттилои Қодиршои Мурувват,  муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло  Рӯдакӣ, сармуҳаррири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо», ин лоиҳаи таърихӣ ва адабиву фарҳангӣ бо ибтикори бевоситаи фаъолони созмони  тоҷикон  анҷом шуда ва ҳадаф аз он таҳкими ҳар чӣ бештари робитаҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек миёни халкҳои тоҷику қирғиз мебошад.
Қодиршои Мурувват мегӯяд, ки  дар ҳамосаи манзуми «Манас» ба таври возеҳ сарчашмаи робитаҳои   ҳазорсолаи ду миллати ҳамсояву ҳамтақдир  ҳикоят шуда, ҷоннисориҳои баҳодури қирғиз ва ҳамсари нозанину хирадманди ӯ- Саниробиаи( Коникей) тоҷик басо ҷаззоб тасвир ёфтааст.
Қодиршои Мурувват таъкид менамояд, ки дар остонаи чашнҳои бузурги 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистону Қирғизистон  рӯи чоп омадани ҳамосаи тоҷикии «Манас» барои ошноии бештари мардумони ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин китоб аз ҳисоби маблағҳои шахсии Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ва аъзои ин созмон: Шероз Қайнам- тоҷики миллатдӯст аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Муҳаммад Боқирӣ- соҳибкори муваффақи эронӣ ва Саидмурод Давлатов, раиси Маркази байналмилалии рушди инсонии «Само» чоп шудааст.
«Манас» бо теъдоди  500 адад мунташир шуда,  ҳамаи он ба таври ройгон  миёни китобхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва мактабҳои тоҷикии вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон  тақсим мешавад.
Иттиҳодияи  тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рӯдакӣ як ниҳоди  ҷамъиятӣ буда, барои ҳифзу рушди забону фарҳанг, мактабу маорифи тоҷик дар  ин ҷумҳурии бо мо ҳамсоя ҷаҳду талош ба харҷ медиҳад. Фаъолони созмон аз моҳи сентябри соли 2007 нашрияеро бо номи «Паёми Ала-тоо» роҳандозӣ намудаанд ,ки ҳаёти  рӯзмарраи ҳамзабононамонро мунъакис месозад.
Дар Ҷумхурии Қирғизистон беш аз 55 ҳазор тоҷикон  кору зиндагӣ доранд.

Август 29, 2016 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст