Ҳамосаи «Манас» дар Бишкек ба тоҷикӣ мунташир гардид
Душанбе, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар чопхонаи «Олтин тамға» -и шаҳри Бишкек бузургтарин ҳамосаи даҳонии халқи қирғиз ба забони тоҷикӣ чоп шуд. Ин ҳамоса аз Манас ном баҳодуре ҳикоят мекунад, ки ҳамватанони аз зулму ғоратгарии ғосибони аҷнабӣ парокандаашро бо корнамоиҳо ва ғолибияти худ муттафиқ мегардонад.
Ба иттилои Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рӯдакӣ, сармуҳаррири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо», ин лоиҳаи таърихӣ ва адабиву фарҳангӣ бо ибтикори бевоситаи фаъолони созмони тоҷикон анҷом шуда ва ҳадаф аз он таҳкими ҳар чӣ бештари робитаҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек миёни халкҳои тоҷику қирғиз мебошад.
Қодиршои Мурувват мегӯяд, ки дар ҳамосаи манзуми «Манас» ба таври возеҳ сарчашмаи робитаҳои ҳазорсолаи ду миллати ҳамсояву ҳамтақдир ҳикоят шуда, ҷоннисориҳои баҳодури қирғиз ва ҳамсари нозанину хирадманди ӯ- Саниробиаи( Коникей) тоҷик басо ҷаззоб тасвир ёфтааст.
Қодиршои Мурувват таъкид менамояд, ки дар остонаи чашнҳои бузурги 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистону Қирғизистон рӯи чоп омадани ҳамосаи тоҷикии «Манас» барои ошноии бештари мардумони ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин китоб аз ҳисоби маблағҳои шахсии Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ва аъзои ин созмон: Шероз Қайнам- тоҷики миллатдӯст аз Ҷумҳурии мардумии Чин, Муҳаммад Боқирӣ- соҳибкори муваффақи эронӣ ва Саидмурод Давлатов, раиси Маркази байналмилалии рушди инсонии «Само» чоп шудааст.
«Манас» бо теъдоди 500 адад мунташир шуда, ҳамаи он ба таври ройгон миёни китобхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва мактабҳои тоҷикии вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон тақсим мешавад.
Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рӯдакӣ як ниҳоди ҷамъиятӣ буда, барои ҳифзу рушди забону фарҳанг, мактабу маорифи тоҷик дар ин ҷумҳурии бо мо ҳамсоя ҷаҳду талош ба харҷ медиҳад. Фаъолони созмон аз моҳи сентябри соли 2007 нашрияеро бо номи «Паёми Ала-тоо» роҳандозӣ намудаанд ,ки ҳаёти рӯзмарраи ҳамзабононамонро мунъакис месозад.
Дар Ҷумхурии Қирғизистон беш аз 55 ҳазор тоҷикон кору зиндагӣ доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






