Анастасия Тюрина дар гурӯҳи худ ғолиб шуд, вале ба даври баъдӣ роҳ наёфт

Август 13, 2016 08:45

Душанбе, 13.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Анастасия Тюрина, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобии шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ ғолиб шуд. Ӯ дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 31,15 сония мақоми аввалро касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқоти интихобии шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни занон 88 нафар шиноварон ширкат доштанд. Анастасия аз 15 нафари онҳо пеш гузашт ва дар ҷойи 73-юм қарор гирифт.
Дар мусобиқоти интихобӣ Пернилле Блюмеи 22-сола аз Дания бо натиҷаи 24,23 сония ҷойи аввалро гирифт. Франческа Ҳалсалли 26-сола аз Британияи Кабир бо натиҷаи 24,26 сония ҷои дуюм ва Александра Ҳерасименияи 31-сола аз Булғория бо натиҷаи 24,42 сония ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Ҳамин тариқ, Анастасия Тюрина ба мисли шиновари дигари тоҷик Олим Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот ва идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гашт. Анастасия Тюрина дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз ҳама хурдсол буда, 5 сол боз бо шиноварӣ машғул аст. Вай, ки бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, 27 сентябри ҳамин сол  15-сола мешавад. Ӯ хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи рақами 28-и Душанбе мебошад. Анастасия дар Чемпионатҳои ҷаҳон дар Доха (Қатар, соли 2014) ва Қазон (Россия, соли 2015) ширкат кардааст. Ӯро Катерина Измайлова, варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии гузашта дар Лондон муаррифӣ карда буд, машқ медиҳад.
Ҳамин тавр, аз 7 нафар варзишгароне, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон — Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ)  дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.
Муҳаммадшо Абдуллоев, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио дар мусоҳиба ба хабанигорон гуфт, “ҳамакнун мо танҳо аз Дилшод Назаров медали олимпиро чашмдорем ва умедворем ин гурзандози пуртаҷриба,ки бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, ин дафъа имконияти худро аз даст намедиҳад”.

Тақвими иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Рио-2016:

15 август, варзиши сабук — Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ — Дилшод НАЗАРОВ.

Август 13, 2016 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд