«Андалеб -2016»: ҳаваскорони Кӯлоб 98,4 хол ба даст оварданд
Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» аз 12 то 21 августи соли равон баргузор мегардад.
Ин навбат дар фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳаваскорони шаҳри Кӯлоб манзури бинандагон гардид.
Аз байни шартҳои озмун иҷрои суруди якка- «Модар» аз ҷониби ҳунарманди ҷавон Бахтиёри Комил ва рақси якка- «Ҷавонӣ» дар иҷрои ҳаваскори ҷавон Раҳима Қосимова ба тамошобинон бештар писанд омад. Ҳакамон иброз доштанд, ки ҳам рақс ва ҳам суруд дар сатҳи баланди касбӣ иҷро шуд ва ҳар ду намоишро бо 10 холӣ баҳогузорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ шаҳри Кӯлоб 98,4 хол ба даст овард.
Хотиррасон менамоем, аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба гирифтани 100,6 хол сазовор гардида, аз дигарон пешсафанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






